Июл 28, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Радди музокираи мустақим бо давлати Афғонистон аз тарафи гурӯҳи Толибон

Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар, хабарҳо дар бораи музокираи мустақим бо давлати Афғонистонро рад кард.

Суҳайл Шоҳин рӯзи якшанбе дар паёме эълом кард, музокироти байни афғонҳо пас аз таъини ҷадвали замонии хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон оғоз хоҳад шуд ва давлати Афғонистон ҳам монанди дигара гурӯҳҳои сиёсӣ ва на ба унвони давлати мустақил, метавонад дар ин нишаст ҳузур дошта бошад.

Изҳороти сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар дар вокуниш ба хабари баргузории "Музокираи мустақим"-и карибулвуқӯи ин гурӯҳ бо давлати Афғонистон аст.

Абдуссалом Раҳимӣ, вазири умури сулҳи Афғонистон рӯзи шанбе гуфта, ки музокироти мустақим миёни давлати ин кишвар ва Толибон бо ҳузури 15 намояндаи давлат то ду ҳафтаи оянда дар яке аз кишварҳои аврупоӣ баргузор хоҳад шуд.