Таниши тиҷории Амрико: Ин бор бо Фаронса
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45479-Таниши_тиҷории_Амрико_Ин_бор_бо_Фаронса
Ҷанги тиҷории Фаронса ва Амрико ба ҷидоли лафзии ду раисҷумҳур анҷомид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 28, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таниши тиҷории Амрико: Ин бор бо Фаронса

Ҷанги тиҷории Фаронса ва Амрико ба ҷидоли лафзии ду раисҷумҳур анҷомид.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа 26 июл дар паёме дар Твиттер бо тавҳини ошкор ба ҳамтои фаронсавии худ навишт: Ҳамоқати Макрон иқдомоти мутақобил алайҳи ин кишварро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Амрико метавонад дар посух ба иқдоми Париж бар теъдоде аз маҳсулоти фаронсавӣ молиёт вазъ кунад.

Фаронса чанде пеш бо тасвиби қонуне, ки ба имзои Эммануэл Макрон, раисҷумҳури кишвар расид, барои ширкатҳои бузурги фанноварии иттилоти амрикоӣ монанди Google, Facebook, Amazon, Apple, ки даромади солонаи онҳо беш аз 750 миллион евро дар ҷаҳон аст ва дар Фаронса низ дастикам 25 миллион евро фурӯш доранд, муодили 3 дарсад аз оидии фаъолияташонро дар ин кишвар, молиёт таъин кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Трамп аз замони рӯи кор омаданаш дар январи 2017 ҷанги тиҷориро бо афзоиши таърифаҳо бар маҳсулот ва колои воридотии кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ ба Амрико оғоз кардааст.