Июл 29, 2019 14:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористҳои ДИИШ ба чоҳҳои Ироқ

Бархе аносири ДИИШ ба майдонҳои нафтӣ дар устони Салоҳиддин дар шимоли Ироқ ҳамла карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолий, Саъд Муҳаммад фармондеҳи амалиёти Салоҳиддини  артиши Ироқ гуфт; бархе аносири гурӯҳаки террористии ДИИШ рӯзи якшанбе ду чоҳи нафтиро дар устони Салоҳиддин дар шимоли Ироқ ҳадаф қарор доданд,аммо нерӯҳои пулис тавонистанд ин ҳамлаҳоро маҳор ва аз расидани аносири ДИИШ ба пойгоҳҳои нафтӣ пешгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол Маҷид Алёсирӣ афсари бахши ягони ҳафтуми артиши Ироқ гуфт; ду пойгоҳи гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар ғарбии устони Аланбор ҳадафи ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии артиши Ироқ қарор гирифтанд ва 4 нафар аз террористҳо ба ҳалокат расиданд.

Барчасп