Тағйири саркардаи ДИИШ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45595-Тағйири_саркардаи_ДИИШ_дар_Афғонистон
Манобеи хабарии афғон гузориш доданд, Мавлавӣ Абдуллоҳ, машҳур ба Аслам Форуқ ба ҷойи Абуумари Хуросонӣ, саркардаи гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Афғонистон таъйин шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 02, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Тағйири саркардаи ДИИШ дар Афғонистон

Манобеи хабарии афғон гузориш доданд, Мавлавӣ Абдуллоҳ, машҳур ба Аслам Форуқ ба ҷойи Абуумари Хуросонӣ, саркардаи гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Афғонистон таъйин шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ин манобеъ ба нақл аз гурӯҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид, ки масъулияти расади гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ-ро бар уҳда дорад, эълом карданд, Аслам Форуқӣ қабл аз ин масъулияти созмондеҳии ҳамалот ва куштор дар манотиқи ҳазоранишини Покистонро бар уҳда доштааст.

Гуфта мешавад, нокомии гурӯҳи террористии ДИИШ барои нуфуз ба вилоятҳои Пактиё ва Лугар иллати барканории Мавлавӣ Зиёулҳақ, машҳур ба Абуумари Хуросонӣ шудааст.

Гурӯҳи такфирии ДИИШ дар бархе аз манотиқи вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон фаъол аст. Байни 2500-4000 нафар аз аъзои ДИИШ дар Афғонистон ҳузур доранд, ки омили қатли оми ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар ҳастанд.