Амрико аз Афғонистон хориҷ намешавад
(last modified Sun, 04 Aug 2019 05:45:58 GMT )
Август 04, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Амрико аз Афғонистон хориҷ намешавад

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон эълом кард, Вашингтон қасд надорад бо Толибон тавофуқномае барои хуруҷ аз Афғонистон имзо кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Зулмой Халилзод, ки ба манзури оғози ҳаштумин даври музокирот бо гуруҳи Толибон дар Дуҳаи Қатар ба сар мебарад гуфт, ҳузур ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бастагӣ ба шароит дорад.

Халилзод таъкид кард, ки ҳар тавофуқе бо ин гуруҳ ба манзилаи ин нест, ки Амрико тамоми низомиёни худро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони Амрико ва гуруҳи Толибон борҳо дар музокироташон дар Дуҳаи Қатар аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон хабар дода буданд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи гуруҳи Толибон рӯзи шанбе аз оғози даври ҳаштуми музокироти ин гуруҳ бо намояндагони Амрико дар Дуҳаи Қатар хабар дод, аммо аз ҷузъиёти он хабаре дар даст нест.

Ҳафт давр аз музокироти Амрико бо гуруҳи Толибон дар Дуҳаи Қатар дар ҳоле бидуни дастёбӣ ба натиҷа баргузор шуда, ки ин гуруҳ ҳаргуна тавофуқ бо Вашингтонро ба таини ҷадвали замонии хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон машрут кардааст.