Август 04, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори нахуствазири Покистон ба Амрико дар бораи иқдом алайҳи Эрон

Нахуствазири Покистон гуфт, агар иштибоҳе дар бораи Эрон ва ё афзоиши таниш ва ҳамла ба ин кишвар рух диҳад ботлоқе барои омилони ин иқдом ба вуҷуд меояд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Имрон Хон нахуствазири Покистон дар мусоҳибае телевизионӣ бо ихтор ба сарони Амрико гуфт, ман ба Эрон сафар кардаам ва аз наздик руҳияи шаҳодатталабии мардуми ин кишварро дидаам.

Вай афзуд, бинобарин агар иштибоҳе дар бораи Эрон ва ё афзоиши таниш ва ҳамла ба ин кишвар рух диҳад ботлоқе барои омилони ин иқдом ба вуҷуд меояд.

Нахуствазири Покистон афзуд, раҳбарони дунё набояд Эронро бо дигар кишварҳои минтақа муқоиса кунанд ва ин матлабро дарк кунанд, ки ҳамла ба ин кишвар то чи андозае метавонад хатарнок бошад.

Имрон Хон таъкид кард, тамоми талоши худро барои коҳиши таниш дар минтақа ба кор хоҳад баст.

Нахуствазири Покистон пеш аз ин низ гуфта буд ин кишвар фақат дар сулҳ шарики Амрико аст на дар ҷанг ва Амрико бояд Покистонро дусти худ бидонад на бардаи худ.

Барчасп