Маскав: иқтисоди Русия дар баробари таҳримҳои Амрико муқовим аст
(last modified Sun, 04 Aug 2019 08:49:37 GMT )
Август 04, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Маскав: иқтисоди Русия дар баробари таҳримҳои Амрико муқовим аст

Вазири дороии Русия рӯзи шанбе дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия гуфт, ин таҳримҳо ҳеҷ таъсире бар низоми молии Русия нахоҳад гузошт.

Ба нақл аз ИРНО, Антон Силванов бо таъкид бар ин ки иқтисоди Русия дар баробари таҳримҳои Амрико муқовим аст афзуд, таҳримҳои Вашингтон танҳо ба равобити ду кишвар зарба хоҳад зад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа ба баҳонаи парвандаи Скрипал бо имзои фармоне иҷроӣ иҷозатномаи эъмоли таҳримҳои нав алайҳи Русияро содир кард.

Амрико августи 2018 низ ба ҳамин баҳона таҳримҳое алайҳи Маскав вазъ карда буд.

Сергей Скрипал ҷосуси пешини Русия ва духтараш чаҳоруми марти 2018 дар Британия бо маводе, ки Лондон муддаӣ аст маводи химиёии низомӣ буда масмум шуданд.

Британия Русияро масъули масмум шудани Скрипал ва духтараш медонад.

Лондон дар он замон 23 депломати русро ихроҷ кард. Бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин Созмони паймони Етлантики шимолии НАТО аз ҷумла Амрико низ ба пайравӣ аз Британия вокуниши мушобиҳе нишон доданд.

Маскав аммо ҳаргуна дахолат дар ин ҳодисаро рад кардааст.