Август 04, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Тарроҳии Ғарб барои эҷоди шикоф байни Чину Русия дар Осиёи Марказӣ

Равобити дӯстонаи Чину Русия мумкин аст, бо ихтилофоти оянда дар Осиёи Марказӣ дучори осебҳое шавад ва ин дар ҳолест, ки стратегҳои амрикоӣ низ барои маҳори қудрати Чин ба дунболи эҷоди шикоф байни Чину Русия ба унвони рақибони суннатӣ ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, дар гуфтугӯи роҳбурдии байни бахшҳои давлатӣ ва хусусии Амрико ва Аврупо, ки моҳи июн дар Варшаваи Лаҳистон баргузор шуд, иддеяе дар хусуси чигунагии эҷоди шикоф байни Чин ва Русия ба манзури тақвияти ҷойгоҳи Ғарб дар рақобати стратегӣ дар баробари Чин матраҳ шуд.

Чин ва Русия дар ҳоле ки душмани муштараке ба номи Амрико доранд, дар ҳоли гарм кардани равобити худ ҳастанд. Дар сафари Си Ҷи Пин, раисҷумҳури Чин ба Русия дар авоили моҳи июн ду кишвар баёнияи муштараке бо тааҳҳуд ба таъмиқи равобит ва ҳамчунин 30 тавофуқи иқтисодӣ имзо карданд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ аз таҳримҳои тиҷорӣ ва фанноварии Амрико алайҳи Чин интиқод карда ва мутааҳҳид ба ҳамкорӣ бо Чин барои муқовимат дар баробари таҳримҳои Амрико шудааст. Ҳарду кишвар ҳамчунин бо барномаҳои Амрико алайҳи кишварҳои Эрон ва Кореяи Шимолӣ муқобила мекунанд. Аз сӯйи дигар интизор меравад, рушди иқтисодии Русия таҳти таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳудуди як дарсад бошад ва ин амр мӯҷиб мешавад, ки иттикои Русия ба Чин бештар шавад. Барои мақомоти Пекин Русия абзори муносибе дар муқобила бо сиёсатҳои таҳоҷумии Вашингтон алайҳи Чин аст. Бо ин ҳол ин кишвар як таҳдиди билқувваро аз ноҳияи Чин эҳсос мекунад.

Ихтилоф дар қудрати ду кишвар ҳамчунон рӯ ба густариш аст: тавлиди нохолиси дохилии Чин тақрибан ҳашт баробар ва ҷамъияти он 10 баробари ҷамъияти Русия аст. Русия ба таври хос дар бораи минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронӣ дорад, ки мабодо ин минтақа таҳти нуфузи Чин қарор гирад. Осиёи Марказӣ, ки замоне бахше аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд, Русия акнун ин минтақаро ҳаёти хилвати худ медонад. Нуфуз ва сайтараи Чин бар Осиёи Марказӣ ҳамакнун дар ҳоли рӯй додан аст. Чин дар соли 2018 ба бузургтарин шарики тиҷории се кишвар аз миёни панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон табдил шуд. Русия пешравии иқтисодии Чин дар Осиёи Марказиро таҳаммул мекунад, зеро тавсеа ва беҳбуди зерсохту тавсеаи иқтисодӣ дар ин минтақа дар натиҷаи сармоягузориҳои Чин ба нафъи Русия ҳам хоҳад буд. Аммо Русия намехоҳад, ки Чин беш аз ҳад пойи худро дар масоили амниятии минтақа дароз кунад.

Image Caption

 

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, муҳити стратегӣ дар ин минтақа аз чанд соли пеш, ки Чин маҳрамона нерӯ ба Тоҷикистон мунтақил кард, шурӯъ ба тағйир кардааст. Ҳарчанд Чин ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Тоҷикистонро такзиб кардааст, аммо як манбаи огоҳ мегӯяд, ки шавоҳиде аз ҳузури нерӯҳои чинӣ дар Афғонистон низ вуҷуд дорад. Чин то кунун бо мулоҳизаи нигарониҳои Русия аз ворид шудан дар мавзӯоти амниятии минтақа худдорӣ кардааст, аммо иқдомоти Чин дар Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди шибҳинизомиёни исломгаро ба устони мусалмоннишини Синзияни ин кишвар метавонад нишонае аз тағйир дар нигариши Пекин бошад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар дар Тоҷикистон қарор дорад ва як стратеги низомӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури ҳудуди 8 ҳазор нерӯи низомии рус дар ин пойгоҳ қобили тасаввур нест, ки ҳузури ҳамзамони нерӯҳои низомии Русия ва Чин дар Тоҷикистон дар баландмуддат бидуни таниш бошад. Дар сурати вуқӯи ихтилоф ва низоъ байн Чину Русия ин амр паёмадҳои шадиде барои сиёсати ҷаҳонӣ хоҳад дошт. Тазъифи меҳвари Чин ва Русия ба нафъи Ғарбу Ҷопон хоҳад буд ва ҳамчунин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фишор бар Кореяи Шимолӣ кумак хоҳад кард.

Чин ва Русия беш аз 4 ҳазор километр марзи муштарак доранд ва ҳарчанд баид аст, ки даргириҳои низомии соли 1969-ро такрор кунанд, бо таваҷҷуҳ ба рақобатҳои геополитикии таърихии онҳо баид аст, ки равобити танготанги кунунии ин ду кишвар низ ҳамешагӣ бошад.