Содир кардани иҷозатномаи хуруҷи аллома Закзокӣ аз Нигерия
Додгоҳе дар Нигерия иҷозатномаи хуруҷи дабири кулли ҷунбиши исломии ин кишварро барои дармон ба Ҳинд содир кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳафтаҳои ахир тарафдорони аллома Закзокӣ бо таҷаммуъ ва таҳссун муқобиили сафоратхонаҳои Нигерия дар кишварҳои мухталиф бо эъломи инзиҷор аз эъмоли маҳдудиятҳо ва шиканҷаи вай хоҳони дармони Закзокӣ дар дохил ё хориҷи кишвар шуданд.
Аллома Закзокӣ ва ҳамсараш 13 декабри 2015 дар ҳамлаи низомиёни Нигерия ба ҳусайнияе дар шаҳри Зария ба шиддат зихмӣ ва бо ҳамон ҳол боздошт шуданд. Нерӯҳои артиши Нигерия дар рӯзи боздошти аллома Закзокӣ бо тирпаронӣ ба сӯи таҷаммуъкунандагон дар баробари ҳусайния ва манзили вай садҳо нафар аз ҷумла се фарзанди Закзокиро ба шаҳодат расонданд.
Аллома Закзокӣ ва ҳамсараш аз он замон то кунун дар боздошт ба сар мебаранд ва бо иттиҳомоти беасос ҳамчун қатл, иҷтимои ғайриқонунӣ ва бар ҳам задани назм ва оромиши ҳамагонӣ ру ба ру аст. Пизишкон аз ҷанд кишвар ба сурати довталабона бо вай дар зиндон мулоқот карда ва пас аз дидани ишон эълом кардаанд аллома Закзокӣ ниёзи фаврӣ ба дармон дорад ва барои мудово бояд ба хориҷ аз Нигерия эъзом шавад, аммо давлати Нигерия то кунун ба ин дархост посух надода буд.
Бинобар эъломи пизишкон илова бар тахлияи як чашми аллома Закзокӣ ва коҳиши диди чашми дигари ишон ба 20 дасард, алоими масмумияти шадид дар ишон падид омадааст, ки ниёз ба дармони фаврӣ доранд ва ҷони ишон дар хатар аст.
Додгоҳи олии Нигерия дар декабри 2016 ҳукми озодии фаврии аллома Закзокиро содир ва артиш ва созмонҳои амниятии Нигерияро ба пардохти 150 ҳазор доллар ғаромат ба хонаводаи вай низ маҳкум кард, аммо артиш ва ин созмонҳо зимни имтиноъ аз иҷроӣ ин ҳукм аллома Закзокиро ҳамчунон дар боздошт нигаҳ доштаанд.