Ба роҳ андохтани чолиши бесобиқаи зистмуҳитӣ дар Эфиопия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45747-Ба_роҳ_андохтани_чолиши_бесобиқаи_зистмуҳитӣ_дар_Эфиопия
Эфиопия чолиси бесобиқаи зистмуҳитӣ ба роҳ андохтааст ва қасд дорад таи чанд моҳи оянда чаҳор миллиард дарахт бикорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2019 07:10 Asia/Dushanbe
  • Ба роҳ андохтани чолиши бесобиқаи зистмуҳитӣ дар Эфиопия

Эфиопия чолиси бесобиқаи зистмуҳитӣ ба роҳ андохтааст ва қасд дорад таи чанд моҳи оянда чаҳор миллиард дарахт бикорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, давлати Эфиопия ба талошҳои худ барои ҷангалкорӣ дар ин кишвар ва кошти чаҳор миллиард дарахт идома медиҳад.

Аз замони оғози фасли борандагӣ, давлати Эфиопия ин корзори густардаи ҷангалзоӣ дар кишварро ба роҳ андохтааст. Ҳадафи давлати Эфиопия ҳифозат аз экосистем ва пушиши гиёҳӣ ва мубориза бо хушксолӣ ва қаҳтӣ аст. Мардуми Эфиопия барои анҷоми ин кор басиҷ шудаанд. Кормандони давлат низ метавонанд барои мушорикат дар ин тарҳ ба рухсат бираванд.

Ҳафтаи гузашта ҳазорон шаҳрванди довталаби Эфиопия  дар саросари ин кишвар дар кошти дарахт мушорикат карданд.

Дар чанд даҳаи гузашта ниме аз ҷангалҳои Эфиопия аз байн рафтааст ва аз ҳамин ру ин тарҳ барои ин кишвар аҳамияти бисёр дорад.

Аби Аҳмад нахуствазири Эфиопия ин тарҳро роҳандозӣ кард, дар муқобил иддае вайро муттаҳам мекунанд, ки аз ин корзор истифода мекунад, то мушкилотеро, ки кишвараш ҳамакнун бо он ру ба ру аст аз ёдҳо бибарад. Аби Аҳмад бо ин ташаббус мушкили бисёр воқеиро ҳадаф қарор додааст.

Як коршиноси замин мегуяд, масоили обу ҳавоӣ чолиши умдае дар сатҳи ҷаҳон аст. Аммо дар инҷо инъикоси вижае дорад. Аксари мушкилоте, ки  кишварамон бо он ру ба ру мешавад метавонад ба навъе ба набуди таваҷҷуҳи мо ба муҳити зист муртабит бошад. Бинобар эъломи давлати Эфиопия  аз моҳи май ҳудуди се миллиард дарахт дар ин кишвар кошта шуд. Давлат қасд дорад ин рақамро то моҳи октябр ба чаҳор миллиард бирасонад.