Август 08, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • 2 кушта ва 15 захмӣ дар таркиши пойгоҳи низомии Русия

Вазорати дифоъи Русия эълом кард, бар асари таркиши пойгоҳи низомии ин кишвар 2 нафар кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориии Спутник,Вазорати дифоъи Русия бо судури баёнияе эълом кард таркише,ки имрӯз ( панҷшанбе ) дар пойгоҳи низомие дар минтақаи Архангелск шимоли Русия рӯй дод,дар паи озмоиши матори мушакӣ бо сухти мойеъ будааст.

Дар ин баёнияи вазорати дифои Русия, бо ишора ба ин,ки сатҳи ташаъшуъоти радиоактива низ дар ҳадди маъмул аст таъкид шуда,ки ҳеҷ модда ё зарроти зиёнборе бар сари ин таркиш дар ҳаво пахш нашудааст.

Иллати вуқуъи ин таркиш ва шумори дақиқи куштаҳо, ва масдумон дар дасти баррасӣ аст.

Ду рӯз пеш ҳам таркиш ва оташсузии муҳиб дар анбори муҳимоти воҳиди низомии Ачинск устони Красноярски Русия рӯй дод,ки як кушта ва ҳашт захмӣ бар ҷой гузошт.

Барчасп