Август 10, 2019 10:57 Asia/Dushanbe
  • Даъвати нахуствазири Арманистон аз Рӯҳонӣ, барои ширкат дар иҷлоси Авру Осиё

Нахуствазири Арманистон рӯзи ҷумъа эълом кард аз Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон барои сафар ба Айравон ва ширкат дар иҷлоси Шӯрои олии иқтисоди иттиҳодияи Авру Осиё даъват кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Никол Пашинян дар нишасти Шӯрои байни давлатии иттиҳодияи Авру Осиё дар Қирғизистон хотирношон кард, дар ростои тавофуқи байни раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои олии иқтисоди Авру Осиё, вай аз раиси ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар ин иҷлос даъват кардааст.

Иҷлоси Шӯрои олии иқтисоди иттиҳодияи Авру Осиё қарор аст 1 октиябр дар Айравон пойтахти Арманистон баргузор шавад.

Русия, Қазоқистон, Беларусия, Арманистон, ва Қирғизистон аъзои иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё ҳастанд.

Эрон бо кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё робитаҳои бисёр хубе дорад.

Ҷумҳурии исломии Эрон ва иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё, 17 майи соли 2018 дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон тавофуқномаи муввақати эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ имзо карданд.

Барчасп