Август 13, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми руйкарди хасмонаи Помпео алайҳи Эрон

Вазири умури хориҷаи Амрико бо наздик шудан ба замони поёни таҳримҳои таслиҳотии Созмони Миллали Муттаҳид зидди Эрон муттаҳидони Вашингтонро ба ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон фарохонд.

Ба нақл хабаргузории Форс, Майк Помпео бомдоди сешанбе дар паёме дар Твиттер навишт, замони боқимонда барои онки таҳрими таслиҳотии Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон ба поён бирасад ва мамнуияти сафари (сардор) Қосими Сулаймонӣ бардошта шавад ба поён наздик мешавад.

Майк Помпео бо иддаои бесуботкунанда будани руйкарди Эрон гуфт, мо аз муттаҳидон ва шарикони худ мехоҳем фишорҳо алайҳи режими Эронро афзоиш диҳанд.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар идома линке (ссылка) аз сайти Вазорати умури хориҷаи Амрикоро дар тавитти худ қарор додааст, ки дар он замони поёни таҳримҳои таслиҳотии Эрон ба сурати коҳишӣ ба пеш меравад ва тибқи он таҳримҳои таслиҳтотии Эрон рӯзи 18 октябри 2020 ба поён хоҳад расид ва пас аз он Эрон метавонад ба фуруши таслиҳот пардохта ва аз кишвареҳое монанди Русия ва Чин низ таслиҳот харидорӣ кунад.

Нигаронӣ аз поёни таҳримҳои Созмони миллал дар ҳоле матраҳ мешавад, ки давлати Амрико худ низ майи 2018 расман хуруҷи Амрикоро аз БАРҶОМ эълом кард ва бо иҷрои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ таҳримҳоро алайҳи Эрон бозгардонд. Кишварҳои аврупоӣ низ дар муқобили тасмими давлати Амрико мунфаилона амал карданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон як сол баъд, майи 2019 эълом кард тааҳудоти барҷомии худро коҳиш хоҳад дод.

Вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард дар сурате, ки Аврупо ҳамчунон мунфаилона амал кунад Эрон дар сентябр гоми севвуми коҳиши тааҳудоти барҷомиро низ иҷро хоҳад кард.