Август 14, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • Поёни бузургтарин иҷтимои мусалмонони ҷаҳон дар Мино

Ситоди ҳаҷҷи Маккаи Мукаррама аз поёни бузургтарин иҷтимои мусалмонони ҷаҳон дар сарзамини Мино хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА, ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром пас аз се рӯзи ҳузур дар сарзамини Мино, хурӯҷ аз ин минтақаро оғоз карда ва озими Маккаи Мукаррама шудаанд.

Зоирони эронӣ аз зӯҳри рӯзи дувоздаҳуми зулҳиҷҷа ва дигар ҳоҷиён соате пас аз он баъд аз рамйи ҷамароти сегона, хурӯҷ аз Миноро оғоз карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи шанбе дар паёме ба зоирони Байтулллоҳилҳаром бо таъкид бар ин, ки бузургтарин зулми қарнҳои ахир дар Фаластин итифоқ афтодааст, тасреҳ карданд: Масъалаи Фаластин муҳимтарин масъалаи ҷаҳони ислом аст, ки дар садри ҳамаи масоили сиёсии мусалмонон бо ҳар мазҳаб ва нажод ва забон қарор дорад.

Ҳамасола ҳудуди дувуним миллион зоири мусалмон аз кишварҳои мухталиф барои маносики ҳаҷ озими сарзамини ваҳй мешаванд.