Август 15, 2019 13:12 Asia/Dushanbe
  • Кашфи як маҳмулаи бузурги кокаин дар Фаронса

Маъмурони гумруки Фаронса беш аз як тон кокаинро, ки дар як маҳмулаи хурмо ҷосозӣ шуда буд, дар бандари Гаври ин кишвар кашф карданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА ,вазири иқдом ва ҳисобҳои умумии Фаронса,гуфт : Ин бузургтарин кашф аз ибтидои соли ҷори то кунун маҳсуб мешавад.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса дар рӯзи панҷшанбе, Ҷералд Дарманин дар баёнияе, арзиши ин мизон кокаин дар бозори ғайриқонуни фурӯшро беш аз 74 миллион евро(82.4 миллион доллар) тахмин зад.

 Ӯ мегӯяд ин мизон кокаин, ки дар 15 бастаи карбос дар контейнери дорои "панир хурмо" кашф шуда, аз кишвари Эквадор ва аз тариқи бандари Антверпини Белгия вориди Фаронса шудааст.

 Яке дигар аз бузургтарин маҳмулаҳои кокаини кашфшуда дар Фаронса марбут ба охирҳои сентябри соли 2013(меҳр 92) аст, ки дар он полиси Фаронса 1300 килограмм аз ин навъ модаи мухаддирро ба арзиши 50 миллион евро дар як ҳавопаймои мусофирбарӣ кашф кард. Ин ҳавопаймо аз  Каракас-пойтахти Венесуэла вориди Фаронса шуда буд.

Охирҳои ноябри 2018 низ мақомоти Фаронса аз кашфу забти 1.6 тон кокаин дар шимолу ғарби ин кишвар хабар доданд.