Август 15, 2019 14:47 Asia/Dushanbe
  • Русия, Қазоқистон ва Туркия маҳбубтарин кишварҳои муҳоҷирини Қирғизистон

Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон мегуяд кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Туркия ба унвони маҳбубтарин кишварҳои муҳоҷирини қирғиз ҳастанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс ,хадамоти муҳоҷирати давлати Қирғизистон дар баёнияи ахири худ омори шаҳрвандони қирғизи хориҷ аз кишварро эълом кард.

 Ин омор бо такя ба гузоришоти вазорати умури хориҷаи Қирғизистон ташкил шудааст.

Бар асоси гузориши ин марказ, Русия, Қазоқистон ва Туркия аз маҳбубтарин кишварҳои муҳоҷирини қирғиз аст.

 Шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар кишвари Русия – 709 ҳазор нафар Қазоқистон – 35 ҳазор нафар ва Туркия- 30 ҳазор нафар эълом шудааст.

Хадамоти муҳоҷирати давлати Қирғизистон ҳамчунин гуфт : Беш аз 821 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд.

 Бар асоси омори ниҳодҳои давлатӣ, аҳолии Қирғизистон 6.2 миллион нафар аст.