Идаъои Бултон; Русия фановарии Амрикоро дуздидааст
Мушовири Амнияти миллии Кохи Сафед дар вокуниш ба ҳодисаи мушакии ахир дар Русия идаъо кард; Маскав фановарии мушакии пешрафтаи Амрикоро дуздидааст.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Ҷон Бултон,дар изҳор назаре дар бораи таркиши ахир дар яке аз таъсисоти низомии Русия гуфт; ин ҳодиса нишон медиҳад,ки русия зимни ин,ки ба андозаи кофӣ дар таҷҳизоти мушакӣ ҳазина ва зародхонаи ҳастаии худро мудерн карда, анвоъи наве аз абзорҳои партоби мушакҳои фаросувтиро низ бо дуздидан аз фановарии Амрико сохтааст.
Таркиш дар минтақаи Невнсескои устони Архангелск дар шимоли ғарби Русия,ки 8 август рӯх дод, панҷ кушта барҷо гузошт.
Вазорати дифоъи Рӯсия эълом кард; ин инфиҷор дар ҷараёни озмоиши як матори ҷати нав рӯх додааст.