Август 15, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Анҷумани мусалмонони Юнон таҳрими вазири умури хориҷаи Эронро маҳкум кард

Наъим Алқандур раиси Анҷумани мусалмонони Юнон имрӯз ( панҷшанбе ) зимни маҳкум кардани таҳрими Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон гуфт; Амрико дар тамоми иқдомҳои ҷинояткоронаи худ бар алайҳи ҷаҳони ислом ва бар алайҳи қавонини байналмиллалӣ ҳамеша пештоз мебошад.

Наъим Алқандур, раиси Анҷумани мусалмонони Юнон имрӯз дар гуфтугӯе бо хабарнигори ИРНА дар Отен, таҳрими Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эронро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт; Амрико дар тамоми иқдомҳои ҷинояткоронаи худ бар алайҳи ҷаҳони ислом ва бар алайҳи тамоми қавонини байналмиллалӣ ҳамеша пештоз мебошад, ва ҳамонтавре,ки аввалин кишвар ва танҳо кишваре буд,ки аз бомби атом истифода карда, аввалин кишваре аст,ки аз Тавофуқи байналмиллалии БАРҶОМ хориҷ ва аз хеле аз тавофуқоти байналмиллалӣ хириҷ ва танҳо кишваре аст,ки артиши як кишварро яъне  Сипоҳи Посдоронро таҳрим менамояд.

Вай дар идома афзуд; вақти он расидааст,ки уммати исломӣ ҳатто якбор ҳам,ки шуда ба суфориши Қурон ва ҳазрати Муҳаммад (с ) ,ки хостори  ваҳдати ҷаҳони ислом аст, барои ҳаллӣ мушкилоти ҷаҳони ислом,ки қудрати бисёр азим ҳастанд ба сарони вобастаи Аъроб ва Амрико ва режими Саҳюнистӣ пушт кунанд ва ба хотири ҳифзи киёни уммати ислом бо ҳам ваҳдат дошта бошанд ва мушкилоти ҷаҳони исломро бо ваҳдат ҳал намоянд.