Таъкиди Кореяи Ҷанубӣ бар таваққуфи озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ
Кореяи Ҷанубӣ таваққуфи озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолиро хостор шуд.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо ибрози нигаронӣ аз идомаи озмоишҳои мушакии Кореяи Шимолӣ, аз ин кишвар хост, озмоишҳои мушакии худро мутаваққиф кунад.
Дар пайи шиллики субҳи имрӯзи мушакҳои Кореяи Шимолӣ, нишасти Кумитаи доими Шӯрои амнияти миллии Кореяи Ҷанубӣ ба раёсати Чунг Уй Юнг, раиси дафтари амнияти миллии ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Ин ҳафтумин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ тайи ду ҳафтаи ахир аст.
Ким Чунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ озмоишҳои мушакии ҷадиди ин кишварро ҳушдоре ба Кореяи Ҷанубӣ барои таваққуфи воридоти таслиҳот аз Амрико ва ҳамчунин размоишҳои муштарак бо Вашингтон тавсиф кардааст.