Август 16, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди вазири умури хориҷаи Покистон аз нахуствазири Ҳинд

Вазири умури хориҷаи Покистон нахуствазири Ҳиндро бузургтарин монеъ дар масири музокироти сулҳи ду кишвар донист.

Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ гуфт, Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд бо иқдомоти ахири худ зидди кашмириҳо, корномаи сиёҳи худро такмил кард.

Вазири умури хориҷаи Покистон бо маҳкум кардани ҳукумати низомии тӯлонӣ дар Кашмир ва табдили ин минтақа ба зиндони бузург тавассути нерӯҳои артиши Ҳинд афзуд, масири Покистон - масири сулҳ аст, аммо Норандро Моди ва давлати вай бо иқдомоти ғайримасъулона дар Кашмир, сулҳи ҷаҳониро таҳдид мекунанд.

Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ таъкид кард, Покистон ҳамчунон бар ҳалли масъалаи Кашмир аз тариқи қатъномаҳои Созмони Милал таъкид дорад.

Бо бекор кардани ихтиёроти вижа (худмухторӣ)-и минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯи порлумони ин кишвар, шароит барои кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фурӯши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам шудааст.

Давлати Покистон дар вокуниш ба иқдомоти хасмонаи Ҳинд зидди кашмириҳо, Аҷай Бисария, сафири Ҳинд дар Исломободро ихроҷ ва равобити тиҷории худро бо ин кишвар ба ҳолати таъхир даровардааст.

Ҳинд солҳост бо мустақар кардани даҳҳо ҳазор низомӣ, манотиқе аз Кашмирро таҳти контроли худ дароварда ва тайи се даҳа, даҳҳо ҳазор нафарро ба қатл расондааст.

Мардуми Кашмир иҷрои Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти Кашмирро хостор ҳастанд, аммо давлати Ҳинд ҳамвора бо ин иқдом мухолифат мекунад.

 

Барчасп