Таркиш дар як маросими арусӣ дар пойтахти Афғонистон
Расонаҳои афғон шанбешаб аз вуқуи як таркиши интиҳорӣ дар як толори арусӣ дар ғарби Кобул пойтхати ин кишвар хабар доданд.
Ба нақл аз Порс Тудэй, полиси Кобул эълом кард дар ин таркиш камаш 20 нафар кушта ва 45 нафар низ захмӣ шудаанд.
Нусрати Раҳимӣ сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон низ дар Твиттер эълом кард маҷруҳони ин ҳамлаи террористӣ ба бемористон мунтақил шудаанд.
Бар асоси эъломи полиси Кобул ин ҳамлаи террористӣ ҳудуди соати 22:30 шанбешаб (ба вақти маҳаллӣ) дар ҳавзаи шашуми Кобул руй додааст.
Полис ва нерӯҳои имдодӣ ҳамакнун дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд.
Шоҳидони айнӣ эълом карданд як омили интиҳорӣ худро дар дохили ин толор таркондааст.
Ҳануз ҳеҷ шахс ё гуруҳе масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда нагирифтааст.
Минтақаҳои мухталифи Афғонистон аз ҷумла Кобул дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамлаҳо ва таркишҳои террористӣ будааст.