Ифшои талоши Трамп барои маҳрум кардани кӯдакони муҳоҷир аз таҳсил
(last modified Sun, 18 Aug 2019 14:31:14 GMT )
Август 18, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ифшои талоши Трамп барои маҳрум кардани кӯдакони муҳоҷир аз таҳсил

Расонаи амрикоӣ ифшо кард, Кохи Сафед дар идомаи сиёсати саркӯби муҳоҷирон, ба дунболи роҳҳое барои мамониат аз дастрасии кӯдакони муҳоҷир ба мадорис буд.

Пойгоҳи интернетии амрикоии Блумберг рӯзи шанбе дар гузорише навишт :

Стефан Милер мушовири аршади Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико яке аз чеҳраҳои аслӣ дар паси ин талош то авоили соли 2017 буд, ки борҳо мақомоти Кабина ва аъзои Шӯрои дохилии Кохи Сафедро ба ироаи тарроҳӣ барои маҳдуд кардани сабти номи ин кӯдакон тарғиб мекард.

Тасмим ба маҳрум кардани садҳо ҳазор кӯдак аз дастрасӣ ба омӯзиш, нишондиҳандаи вусъати талоши Кохи Сафед барои саркӯби муҳоҷирини ғайриқонунӣ аст.

Франк Шори, мудири гурӯҳи "Садои Амрико" дар ҳимоят аз муҳоҷирон гуфт, ки чунин тағйир дар сиёсат иқдоме ғайриқонунӣ, ғайри қобили қабул ва ғайриамрикоӣ аст.