Август 19, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Амрико моҳона 4 миллиард доллар дар ҷанги Афғонистон харҷ мекунад

Номзуди интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2020 аз ҷанги беинтиҳои Афғонистон ва сарфи моҳона 4 миллиард доллар барои он интиқод кард.

Ба нақл аз ИРНА; Тулиссӣ Гоборд,ки дар ҷанги Ироқ ба унвони нерӯи имдодӣ ҳузур дошта ва акнун узви намояндагони Амрикост,рӯзи якшанбе дар барномаи таблиғотии худ гуфт; мо ҳар моҳ 4 миллиард доллар барои ҷанг дар Афғонистон ҳазина мекунем. Бо чунин вазъе читавр метавонем ба чашмони куҳнасарбозонамон нигоҳ кунем ва ба онҳо бигуем  пуле барои хадамоти саломатии онҳо надорем.?

Ин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико борҳо алайҳи ҷангҳои Амрико дар Ховари миёна изҳори назар карда ва ҳамвора хостори бозгардондани нерӯҳои амрикоӣ ба хонаҳояшон будааст.

Гуфта мешавад дар ҷанги Ироқ наздик ба панҷ ҳазор нафар нерӯи амрикоӣ кушта шудааст.

 Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар севвуми ноябри 2020 баргузор мешавад ва номзадҳои ин интихобот дар ҳоли рақобатҳи дарун ҳизбӣ басар мебаранд.

 

Барчасп