Сел дар Ҳинд бо 50 кушта ва нопадид
Август 19, 2019 14:50 Asia/Dushanbe
Боришҳои селосо да иёлоти Ҳинд 30 кушта ва 20 мафқуд барҷо гузошт.
Ба нақл аз ИРНА, давлати Ҳинд эълом кард; дар бисту чор соати гузашта боронҳои селосо дар иёлотҳои мухталифи ин кишвар боиси ҷорӣ шудани сел, рониши замин, осеб ба ҷодаҳо ва тахриби сохтмонҳо шудааст.
Ронишҳои замин дар ду иёлот ҳамчунин сабаби аз кор афтодани нерӯгоҳҳои обӣ шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ имсол талафоти сел ва рониши замин дар саросари Ҳинд ба ҳазору 58 нафар расидааст,дар ҳоле,ки соли гузашта омори талафоти ноши аз сел дар ин кишвар ҳазор ва 211 нафар эълом шуда буд.
Боронҳои мавсумӣ ( Мунсун ) аз июн то сентиябри ҳар сол талафот ва хасороти зиёде дар Ҳинд ҷорӣ мегузорад.
Барчасп