Эрони исломӣ ғарқ дар ҷашну шодии иди вилоят
(last modified Tue, 20 Aug 2019 12:34:46 GMT )
Август 20, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ ғарқ дар ҷашну шодии иди вилоят

 Эрони исломӣ дар рӯзи Иди саиди Ғадири Хум, аз аъёди бузурги мусалмонон саросар ҷашну шодӣ аст.

Имрӯз, 18-уми зулҳиҷҷаи соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 20-уми августи соли 2019 рӯзи Ид саиди Ғадири Хум, аз аъёди бузурги мусалмонон аст. Дар ин рӯз, ки ба номи идулакбар маъруф аст, шиаён, тибқи суннати дерина, бо барпоии маросими ҷашн дар масоҷид ҳайатҳои мазҳаби ишқ ва муҳаббати худро ба аҳли байти исмату таҳорат (а) иброз мекунанд.

Ҳарами мутаҳҳари разавӣ дар Машҳад ҳам ба ин муносибат меодгоҳи ошиқони Алӣ (раз.) аст, ки бо дилҳои мамлув аз ишқ ба ин боргоҳи малакутӣ  мушарраф шудаанд.

Зоирону муҷовирони ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиёани ҷаҳон бо тавзеи шарбат ва ширинӣ ин иди фархундаро ба якдигар табрик мегӯянд. Мавлудхонӣ, мадеҳасроии зокирони аҳли байти исмат ва таҳорат, қироати дуои “Нудба”, дуои «Аминаллоҳ» ва дуои «Камил» вижаи барнома‎ҳои Иди Ғадир дар саросари Эрон исломӣ, аз ҷумла дар ҳарами мутаҳҳари разавӣ, ҳарами ҳазрати Фотимаи Маъсума дар Қум (ҷануби Теҳрон), ҳарами мутаҳҳари Аҳмад ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар (а), мулаққаб ба Шоҳчароғ дар Шероз (ҷануби Эрон) ва дигар амокини мазҳабӣ ва масоҷид аст.