Имзои тавофуқномаи сулҳ байни Гулбиддин Ҳикматёр ва Ҳукумати Афғонистон
(last modified Thu, 22 Sep 2016 11:57:34 GMT )
Сентябр 22, 2016 16:57 Asia/Dushanbe

Ҳизби исломии Афғонистон ба раёсати Гулбиддин Ҳикматёр бо ҳукумати ин кишвар дар Кобул тавофуқномаи сулҳ имзо кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи "Хабар"-и Эрон, намояндагони Ҳизби исломии Ҳикматёр, Шӯрои олии сулҳ ва Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раёсатҷумҳури Афғонистон дар маросими вижае ин тавофуқномаро имзо карданд. Бар асоси ин тавофуқнома, Ҳукумати Афғонистон ба Гулбиддин Ҳикматёр, саркардаи Ҳизби исломӣ ва дигар чеҳраҳои ин ҳизб масунияти қазоӣ медиҳад ва онҳо аз ҳар гуна пайгарди қонунӣ озод хоҳанд буд. Ҳамчунин Ҳукумати Афғонистон ба таври расмӣ аз Шӯрои амнияти Созмони Милал мехоҳад номи Ҳизби исломиро аз феҳристи сиёҳи худ ҳазф кунад ва Ҳикматёр низ метавонад дар ду ё се минтақаи Афғонистон аз ҳисоби ҳукумат дафтар ифтитоҳ намояд.

Ҳаққи зиндагии озод дар Афғонистон ва мушорикати аъзои Ҳизби исломӣ дар фаъолиятҳои сиёсие чун интихобот, озодии зиндонёни Ҳизби исломӣ ва фароҳам кардани имкон барои ҷалби аъзои ин ҳизб дар ниҳодҳои давлатӣ, артиш, пулис ва нерӯҳои амниятӣ аз ҷумлаи тааҳҳудоти Кобул дар ин тавофуқнома аст.

Ҳизби исломии Ҳикматёр низ мутааҳҳид шудааст, ташкилоти низомии худро мунҳал ва ба унвони як ҳизби сиёсӣ дар Афғонистон фаъолият кунад. Ин ҳизб ҳамчунин мутааҳҳид шуд, ки ҳеҷ робитае бо гурӯҳҳои террористӣ надошта бошад ва аз фаъолиятҳои онҳо ҳимоят накунад.

Ҳизби исломии Ҳикматёр аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мухолифи Ҳукумати Афғонистон буд, ки аъзои он дар понздаҳи соли гузашта ҳамзамон бо нерӯҳои афғон ва хориҷӣ меҷангиданд.