Август 22, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Пайгарди амниятии як шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми таблиғи ДИИШ дар Русия

Як шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми таблиғи ДИИШ дар Русия таҳти пайгарди амниятӣ қарор гирифт.

Бар асоси навиштаи нашрияи пурнуфузи русии Комсомольская Правда, мақомоти амниятии Русия муддаӣ ҳастанд ин шаҳрванди тоҷики 20 сола бо номи Умар Х. зимни ошноӣ ва барқарории иртиботи интернетӣ бо хонандаи мактаби 15 солаи русии сокини шаҳри Краснодар дар ҷануби Русия ӯро барои пайравӣ аз идеаҳои ДИИШ мавриди таблиғ ва ташвиқ қарор додааст.

Хонандаи мактаби ёдшуда, ки номи ӯ эълом нашудааст ҳамакнун таҳти бозҷӯии мақомоти амниятӣ қарор дорад ва алайҳи ошнои тоҷики ӯ низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад Умар Х. аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи майи соли 2019 дар шаҳри ** Русия будааст ва ҳамзамон бо омӯзиши анҷоми амалиёти террористӣ дар интернет талош кардааст афкор ва ақидаҳои гуруҳҳои террористӣ ба хусус ДИИШро ба ошнои интернетии худ омӯзиш диҳад.

Бар асоси иддаои мақомоти русӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз хонандаи мактаби краснодарӣ хостааст бо тағйири дини худ ба узвияти яке аз гуруҳҳои террористии фаол дар кишвари Сурия дарояд.

Манобеи мустақил ҳануз иддаои мақомоти русиро рад ё таъид накардаанд.

Мудофеони ҳуқуқи башар мегӯянд барчасби эъмоли ғайриқонунии вобаста ба терроризм ва ифротгароии динӣ яке аз тарфандҳои роиҷ дар Русия барои таҳти фишор қарор додан ва муҷозоти коргарони муҳоҷири кишварҳои мусалмоннишин монанди Тоҷикистон аст.

 

Барчасп