Август 22, 2019 16:26 Asia/Dushanbe

Русия нахустин роботи инсоннамои худро бо номи “Фёдор” ба василаи фазопаймои бидуни сарнишини “Союз МС-14” ба фазо партоб кард.

Ба гузориши ИРНА, ширкати давлатии фазоии Русия ба номи “Роскомсос” рӯзи панҷшанбе бо интишори филми партоби ин фазопаймо эълом кард, фазопаймои “Союз МС – 14” –и ҳомили роботи инсоннамои “Федор” субҳи имрӯз аз сакуи партоби “Гагарин” дар Байконур ба фазо партоб шуда ва қарор аст пас аз ду рӯз, дар рӯзи шанбе ба истгоҳи фазоии байналмилалӣ бипайвандад.

Ин аввалин маъмурияти як роботи инсоннамои русӣ дар истгоҳи фазоии байналмилалӣ аст ва қарор аст 17 рӯз ба иҷрои маъмурият зери назари фазонавардони рус бипардозад.

 Роботи “Фёдор” аз парвоз бо гуфтани “биравем”, ҷумлаи маъруфи Юрий Гагарин, нахустин фазонаварди ҷаҳонро такрор кард.

Ин роботро ширкати “Андроидная техника” ва Бунёди пажӯҳишҳои илмии Русия ба суфориши Вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишвар сохтааст.

Номи илмии ин робот “Skybot F-850” аст, ки ба хонаводаи “Федор” тааллуқ дорад.

Ширкати “Роскосмос” эълом кард, вазоифи аслии роботи мазкур таъйини шохисҳое барои парвози амн бо фазопаймо ва анҷоми анвои озмоишҳои илмӣ аст.

 

 

Барчасп