Мамнуияти хуруҷи депломатҳои Канада аз Гонконг
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46129-Мамнуияти_хуруҷи_депломатҳои_Канада_аз_Гонконг
Канада хуруҷи депломатҳои худ аз Гонконгро мамнуъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 24, 2019 09:22 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти хуруҷи депломатҳои Канада аз Гонконг

Канада хуруҷи депломатҳои худ аз Гонконгро мамнуъ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, консулгарии Канада дар Гонконг дар баёнияе эълом кард коркунони ин консулгарӣ муҷоз ба тарки ин минтақа нестанд.

Равобит миёни Канада ва Чин баъд аз боздошти мудири молии ширкати мухобиротии Ҳуавӣ дар Ванкувер бо дархости Амрико бо таниш ру ба ру шудааст.

Баъд аз боздошти Менг Ванжо давлати Чин Майкел Ковриҷ депломати собиқи канадаӣ ва Майкел Спавер дигар шаҳрванди канадаиро ба иттиҳоми ҷосӯсӣ дастгир кард.

Оттава ин боздоштҳоро худсарона дониста ва озодии ду шаҳрванди худро хостор шудааст.

Сафорати Чин дар Канада рӯзи панҷшанбе аз давлати Канада хост то ба манзури бозгашти равобити дуҷонибаи депломатик ба ҳолати оддӣ ҳар чи зудтар мудири ширкати Ҳуавиро озод кунад.