Август 24, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
  • Партоби мушакҳои нави Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ мушакҳои наве партоб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳо эълом карданд, ки Пхенян чандин партобаи нав шиллик кардааст.

Раиси ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, ки Кореяи Шимолӣ ду партобаи номушаххас партоб карда ва афзуд, ки дар сурате, ки партобҳои нав анҷом шавад таҳти назорат қарор хоҳад гирифт.

Ҳануз ҷузъиёти бештаре аз ин шилликҳо мунташир нашуда, аммо давлати Жопон эълом кард, ки Пхенян мушакҳои болстик шиллик кардааст.

Ин нуҳумин партоби мушакии Кореяи Шимолӣ аз ибтидои моҳи май мебошад, аммо нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар партоби бомдоди шанбе ин аст, ки Трамп гуфта буд, ки раҳбари Кореяи Шимолӣ ба вай ваъда дода, ки пас аз поёни размоииши Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ озмоишҳои мушакии Пхенян низ мутаваққиф хоҳад шуд ин дар ҳолест, ки ин размоиш рӯзи сешанбе ба поён расид.

Артиши Кореяи Ҷанубӣ низ бо таиди ин мушак эълом кард, ки ин партоб аз устони ҷанубии Хамюнг  сурат гирифтааст.