Август 25, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар ҳоли густариши нуфуз ба шимоли Афғонистон

Як фармондеҳи низомии аршади Афғонистон гуфт гуруҳи террористии ДИИШ дар ҳоли густариши нуфузи худ ба шимоли Афғонистон аст.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Валимуҳаммади Аҳмадзӣ фармондеҳи нерӯҳои артиш дар шимоли Афғонистон эълом кард аъзои гуруҳи такфирии ДИИШ дар вилоятҳои Форёб, Ҷавзҷон ва Сарипул дар ҳоли созмондеҳӣ ва эҷоди ташкилот ҳастанд.

Ин фармондеҳи артиши Афғонистон афзуд фармондеҳии аъзои гуруҳи террористии ДИИШ дар ин вилоятҳоро шаҳрвандони узбакистонӣ бар уҳда доранд.

Вай тасреҳ кард нерӯҳои артиш дар ҳамалоти чанд рӯзи ахири худ як махфигоҳи ДИИШ дар вилояти Сарипулро мунҳадим карданд ва ду саркардаи ин гуруҳи такфириро дар Форёб куштанд.

Барчасп