"Толибон": То хурӯҷи охирин низомии хориҷӣ аз Афғонистон мубориза мекунем
Гурӯҳи "Толибон" изҳор дошт: Муҷоҳидини аморати исломӣ бо гарм нигаҳ доштани сангарҳои дифоъ, то хурӯҷи охирин низомии хориҷӣ аз Афғонистон мубориза мекунанд.
Дар ҳоле, ки нуҳӯмин давр аз музокироти Амрико ва "Толибон" ҳанӯз поён наёфтааст, гурӯҳи "Толибон" дар ёддоште таъкид кард, ки аморати исломӣ дар беш аз ду даҳаи гузашта мушкилоти зиёдеро матаҳаммил шуда, аммо ҳаргиз дин ва меҳанро ба муомила нагирифтааст.
Ба гуфтаи "Толибон" муҷоҳидини аморати исломӣ сангарҳои дифоъ аз дин ва меҳанро доғ нигаҳ доштаанд ва ба ҳамалоти ишғолгарон ҷавобҳои сахте додаанд.
"Толибон" дар бораи Афғонистон низ таъкид кард, ки агар мақомоти Кобул худро афғон медонанд, бояд куштор барои манофеи ишғолгаронро мутаваққиф кунанд, барои эҷоди тафриқа дар ақвоми Афғонистон талош накунанд ва қудратро ба аморати исломӣ вогузоранд, то давлати исломии воҳид ва мустақил сохта шавад.