Август 26, 2019 09:00 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Амрико ва Толибон бар сари барномаи хуруҷи низомиёни амрикоӣ

Шабакаи хабарии Тулуъ нюзи Афғонистон эълом кард; Амрико ва Толибон дар поёни даври нуҳуми музокирот бар сари барномаи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар бораи замони 15 то 20 моҳи оянда ба тавофуқ расидаанд.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Тулуъи Афғонистон гузориш дод ; Толибон ва Амрико қарор аст дар чанд рӯзи оянда тавофуқномаи сулҳ имзо кунанд,ки бар асоси он,теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон аз 14 ҳазор ба 5 ҳазор нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ин гузориш ба ташкили давлати мувақат дар Афғонистон ишорае нашудааст.

Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе бо ишора ба тавофуқномаи сулҳи эҳтимолӣ миёни Амрико ва Толибон гуфт ; тавофуқномаи сулҳ танҳо аз сӯи давлати Кобул имзо хоҳад шуд дар ғайри ин сурат мабнои қонунӣ надорад.

Ин дар ҳоле аст,ки бархе расонаҳои ҷамъӣ пеш аз ин аз тавофуқи Толибон бо Амрико барои ташкили давлати мувақат хабар дода буданд.

Барчасп