Август 29, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Пешгирии Пекин аз паҳлу гирифтани новшикани амрикоӣ дар савоҳили Чин

Чин барои дуввумин бор дар моҳи равон аз паҳлу гирифтани як новшикани амрикоӣ дар яке аз бандарҳои он кишвар пешгирӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Савт Чайна рӯзи чаҳоршанбе навишт фармондеҳии Амрико дар уқёнуси Ҳинд ва Ором таъкид кард, ки Чин ҳозир ба қабули дархости ин новшикани амрикоӣ барои паҳлу гирифтан дар бандари Чинг Дао дар шарқи ин кишвар нашудааст.

Пештар ду новшикани амрикоӣ дар нимаи аввали моҳи равон хостори паҳлу гирифтан дар савоҳили Гонконг шуда буданд, ки мавриди мувофиқати Чин қарор нагирифт.

Радди дархости Амрико барои паҳлу гирифтани новшикани амрикоӣ дар савоҳили Чин дар ҳолест, ки ихтилофи ду кишвар ба далели афзоиши тарафаҳо руи колоҳои якдигар ташдид шудааст.

Барчасп