Июл 21, 2016 15:53 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густарда ва паёми нахуствазири Покистон дар

Муҳаммад Навози Шариф, нахуствазири Покистон ҳамзамон бо "Рӯзи сиёҳи Кашмир", ки рӯзи ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд номгузорӣ шудааст, бо судури паёме таъкид кард, мардуми Кашмирро танҳо нахоҳад гузошт.

Вай дар ин паём бо ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ ба мардуми Кашмир ва маҳкум кардани хушунат ва даргириҳои хунини рӯзҳои ахир дар ин минтақа гуфт, Покистон талошҳои худро дар арсаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башарӣ барои дифоъ аз мардуми Кашмир идома хоҳад дод.

Вай хитоб ба давлати Ҳинд низ гуфт, Ҳинд ду роҳе беш надорад ва ё ба хушунат ба зидди мардуми Кашмир идома диҳад ва ё ба онҳо иҷоза диҳад, ки ба ҳаққи таъйини сарнавишти худ бар асоси қатъномаҳои Созмони милал даст ёбанд.

Аз замони оғози даргириҳои хунин миёни мардуми Кашмир ва нерӯҳои Ҳинд дар чанд рӯзи гузашта то кунун дастикам 45 нафар аз мардум кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Навози Шариф дар паёми худ афзуд: Покистон дар канори мардуми Кашмир истодааст ва иртибот миёни мардуми Покистон ва мардуми Кашмир на танҳо бар асоси мазҳаб, тамаддун ва инсоният, балки бар асоси хуни ин мардум аст ки ба замин рехта шудааст.

Дар "Рӯзи сиёҳи Кашмир" (20 июл), ки номгузории он ибтикори Навози Шариф маҳсуб мешавад, ҳазорон нафар аз мардуми Покистон дар шаҳри Исломобод бо баргузории раҳпаймоии густарда ҳимояти худро аз мардуми Кашмир эълом карданд.

Тазоҳуркунандагон бо ҳамли тасовир ва овезаҳо бо мазмуни ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмир ва маҳкумияти хушунат дар ин минтақа, шиорҳое дар ҳимоят аз мардуми Кашмир сар доданд ва аз ниҳодҳои байналмилалӣ хостанд барои мутаваққиф кардани руйдодҳои ногувор дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба таври муассир ба вазоиф ва масъулиятҳои худ амал кунанд.

Мақомҳои расмӣ ва олии мухталифи Покистон дар рӯзҳои гузашта борҳо хушунатҳои идомадор дар Кашмири таҳти контроли Ҳиндро маҳкум карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкориии исломӣ ва Созмони милал хостори мудохила барои мутаваққиф кардани хушунатҳо ва ҳалли буҳрони Кашмир шуданд.

Покистон муътақид аст, мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд бояд дар интихоботе озод барои сарнавишти худ тасмим бигиранд.

Рӯзи сешанбе аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва ҳамчунин ҷамъе аз аъзои Анҷумани вукалои шаҳри Ровалпиндии Покистон дар устони Панҷоб, дар эътироз ба иқдомоти нерӯҳои амниятии Ҳинд дар Кашмир, таҷаммуи эътирозомез баргузор карданд.

Роҷенот Синг, вазири кишвари Ҳинд Покистонро масъули ноамниҳои Кашмир хонд. Вай гуфт, нақши Покистон дар Ҷому ва Кашмир ғайримасъулона аст ва Покистон набояд худро муҳофизи мусулмонон дар Кашмир бидонад ва ин иддаои ин кишвар ба таври комил беасос аст.

Аз сӯйи дигар, шуморе аз раҳбарони кашмирӣ бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани иддаои шуморе аз вузарои Ҳинд, мабнӣ бар иртиботи муътаризон бо хориҷ аз марзҳо эълом карданд, эътироз ва эътисобҳо то дастёбӣ ба ҳуқуқи мардуми мазлуми Кашмир идома меёбад.

Барчасп