Август 31, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамони шинои ҷаҳон дар Русия ғарқ шуд

Қаҳрамони ҷаҳонии шино дар обҳои сард, дар рӯдхонаи Енисей, дар минтақаи Сибири Русия ғарқ шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Вазорати варзиши иёлати Красноярск дар Сибири Русия гузориш дод, Николай Петшак, қаҳрамони ҷаҳонии шино дар обҳои сард, ҳангоми тамрини шино дар рӯдхонаи Енисейи Сибир ғарқ шуд.

Ин шиновари 64 сола рекорддори таҳаммули оби сард дар соли 1994 ва дигар рекордҳои шино дар обҳои сарди ҷаҳон буд.