Сентябр 01, 2019 17:01 Asia/Dushanbe
  • 51 кушта дар тирандозиҳои ҷамъии моҳи августи Амрико

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз гузориш дод: 51 нафар бар асари тирандозиҳои ҷамъии моҳи августи гузашта дар Амрико кушта шуданд.

Ин рӯзномаи амрикоӣ навишт, ки моҳи августи соли 2019 бо тирандозиҳои фаровон ва кушта шудани теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз афрод дар Амрико оғоз шуд ва ҳамон тавр низ поён ёфт.

Ню-Йорк Таймз афзуд: Бештарин теъдоди кушташудагон дар хушунатҳои мусаллаҳонаи Амрико дар моҳи август ба иёлати Техас  марбут буд.

Иттилооти мунташиршуда дар Амрико ҳокӣ аст дастикам 38 мавриди тирандозӣ бо талафоти се нафар ё бештар аз ибтидои соли 2019 то кунун рух додааст.

Амрико бо мавҷе аз хушунат, гаравгонгирӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯбарӯ аст ва солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ё захмӣ мешаванд.

 

Барчасп