Сентябр 02, 2019 14:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости як раҳбари ҳизбӣ барои таътилии Ошуро дар ҷумҳурии Озарбойҷон

Раҳбари Ҷамъияти динии Ҷумъа дар ҷумҳурии Озарбойҷон, таътили расмии Ошуро дар ин кишварро хостор шуд.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии Нури- Озар,Ҳоҷи Илқор Иброҳимуғлу таътили расмии Ошуро дар ҷумҳурии Озарбойҷонро дархости мардумӣ донист ва ибрози умедворӣ кард гуфт; бо таътили расмии Ошуро, мардуми ин кишвар битавонанд барои  зинда нигаҳдоштани қиёми имом Ҳусейн (а) азодорӣ кунанд.

Вай пойбандӣ ба аҳлу байти паёмбар (с) ро аз муҳимтарин вижагиҳои мардуми Озарбойҷон тавсиф кард ва афзуд; дар Боку, Ганҷа, оф дом, Ланкарон ва ҳарҷое,ки осори фарҳанги исломӣ боқӣ аст, азодории моҳи муҳарам ва сафар баргузор мешавад.

Раҳбари ҷамъияти диннии Ҷумъаи ҷумҳурии Озарбойҷон ва вокунишҳо ба эҳёи ислом дар ин кишвар дар паи фурупошии Шӯравӣ донист.

Ҳоҷи Илқор Иброҳимуғлу ба ҷавонон ва афроде,ки алоқаманд ба ошноии амиқ бо рӯҳи мактаби Ошуро ва қиёми имом Ҳусейн (а) ҳастанд тавсия кард; осори мутафакир ва файласуфи бузурги ҷаҳони ислом, Оятуллоҳ Муртазо Мутаҳарӣ дар бораи Ошуро ва осори шоирони классик назири Ъамодолддин Насимӣ ва Мулло Муҳаммад Фузулӣ ва низ шоири муосири Шаҳриёр Табрезиро мутолиъа кунанд.

Барчасп