Ҳимояти Чин аз Кореяи Шимолӣ барои ҳалли буҳрони нимаҷазираи Корея
Вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо ҳамтои Кореяи Шимолии худ эълом кард Пекин барои ҳалли буҳрони нимаҷазираи Корея аз Пхенян ҳимоят мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ван И дишаб дар дидор бо Ли Ён Хо вазири умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар Пхенян эълом кард Пекин дар масъалаи халъи силоҳи нимаҷазираи Корея аз Пхенян ҳимоят мекунад.
Вазирони умури хориҷаи Чин ва Кореяи Шимолӣ ҳамчунин дар ин дидор бар густариши равобити дуҷониба ва ҳалли буҳрони нимаҷазираи Корея таъкид карданд.
Ли Ён Хо вазири умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ ҳам дар ин дидор бо ишора ба ин ки Пхенян ва Пекин асри наве аз тавсеаи равобитро оғоз кардаанд бар талошҳои Кореяи Шимолӣ барои пешбурди равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ байни ду муттаҳид таъкид кард.
Ван И вазири умури хориҷаи Чин дирӯз душанбе дар сафари серӯза вориди Пхенян пойтахти Кореяи Шимолӣ шуд.