Сентябр 04, 2019 11:04 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эрон ба муносибати даргузашти мутарҷими русии Қуръон

Сафорати Эрон дар Маскав даргузашти хонум Валерия Иман Прохова, мутарҷими русии Қуръонро таслият гуфт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, сафорати Ҷумҳурии исломи Эрон дар Русия рӯзи сешанбе дар паёме бо хонаводаи Валирия Иман Прохова ибрози таслият кард.

Валерия Иман Ппрохова аз мутарҷимони саршиноси Қуръон, ки дар солҳои ахир ба ислом гаравида буд, рӯзи душанбе дар 76 солагӣ даргузашт.

Валерия Прохова аз касоне буд, ки тибқи эъломи тамоми созмонҳои динӣ дар Русия ва Осиёи Марказӣ Қуръонр ба зеботарин ва дақиқтарин шакл ба забони русӣ тарҷума кард.

Тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ тавассути Прхова аз сӯи Донишгоҳи Алазҳари Миср барои чоп ва нашр дар соли 1997 тасдиқ шуд.