Содир шудани аввалин маҳмулаи меваи Афғонистон аз Чобаҳор
(last modified Wed, 04 Sep 2019 15:50:34 GMT )
Сентябр 04, 2019 20:50 Asia/Dushanbe
  • Содир шудани аввалин маҳмулаи меваи Афғонистон аз Чобаҳор

Аввалин маҳмулаи меваи Афғонистон аз Чобаҳор содир шуд.

Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Афғонистон барои аввалин бор аз масири бандари Чобаҳор – Кобул ба Ҳинд мева содир кардааст ва интизор меравад, ки содирот аз ин масир афзоиш ёбад.

Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон мегӯяд, ки ирсоли ин маҳмула, ки бо убур аз чандин вилояти ин кишвар, аз масири Нимрӯз ба бандари Чобаҳори Эрон мунтақил ва аз он ҷо ба шаҳри Бомбаии Ҳинд содир шуда, озмоишӣ будааст.

Самир Расо, сухангӯи Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон содирот аз ин масирро як таҷрибаи хуб унвон кард ва афзуд, ки Афғонистон дар оянда аз ин масир содироти бештаре хоҳад дошт.

Аҷмал Аҳмадӣ, вазири санъат ва тиҷорати Афғонистон дар сафҳаи Твиттер навишт, қарор аст, ки мизони содирот аз масири бандари Чобаҳор дар се ҳафтаи оянда ба 100 тон афзоиш ёбад.

Вай бо ишора ба ин ки мизони содироти Афғонистон аз масири Чобаҳор то кунун ба 700 тон расидааст, гуфт, ба зудӣ Афғонистон содироти анору себро низ аз масири Чобаҳор ба Ҳинд оғоз хоҳад кард.

Барои нахустин бор комюнҳои ҳомили колоҳои Афғонистон авохири зимистони соли 1397, тайи маросиме аз вилояти Нимрӯз ба Чобаҳор ирсол шуд.

Ин маросим расман бо ҳузури Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ва сафирони кишварҳои Ҳинд, Эрон ва Туркия дар Нимрӯзи Афғонистон баргузор шуд, ки 23 комюни мутааллиқ ба Афғонистон аз шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз, дар ҳамсоягии устони Систон ва Балучистон ба самти бандари Чобаҳор ҳаракат карданд.

Ин комюнҳо ҳомили 570 тон маводи тиҷоратӣ, шомили 200 тон мош ва 370 тон санги толк буд.