Сентябр 08, 2019 10:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Путин ба Буш; Ду рӯз қабл аз ҳодисаи 11 сентябр

Таҳлилгари собиқи Созмони ҷосусии Амрико ахиран гуфтааст, ки Владимир Путин-раисҷумҳури Русия ду рӯз қабл аз вуқӯъи ҳамалоти 11 сентябр 2001 хатари вуқӯъи як ҳамлаи террористиро ба ҳамтои амрикоии худ гӯшзад карда буд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам;Ҷорҷ Бейби, ки солҳо дар масоили Русия таҳлилгари Созмони ҷосусии марказии Амрико буд дар китоби худ, ки ба тозагӣ мунташир шуда овардааст: Ду рӯз қабл аз вуқӯъи ҳамалоти 11 сентябр, Путин бо Буш тамос гирифта ва гуфта, ки Хадамоти истихборотии Русия ба нишонаҳое даста ёфтааст, ки аз ҳамлаи наздикҳангом, ки солҳо тарроҳии он дар Афғонистон замон бурдааст, ҳикоят дорад.

 Бейби дар идомаи китобаш навишт: Рӯзи баъди ҳамалоти 11 сентябр, Путин аввалин раҳбари хориҷӣ буд, ки бо Кохи сафед тамос гирифт ва ибрози ҳамдардӣ кард.

 Дар ҳамалоти 11 сентябри соли 2001, ки бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи Амрико ба шумор меояд ҳудуди се ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп