Путин: Раҳбарони Шӯравӣ набояд иҷоза медоданд ин кишвар суқут кунад
Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, раҳбарони Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ метавонистанд бо иҷрои бархе ислоҳот, монеъ аз фурӯпошии ин кишвар шаванд.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия имрӯз дар нишасти сарони аҳзоби сиёсии ин кишвар гуфт, раҳбарии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ беҳтар буд бо анҷоми ислоҳоти демократӣ монеъ аз фурӯпошии ин иттиҳодия мешуд.
Путин таъкид кард, фурӯпошии Шӯравӣ комилан ғайризарурӣ буд ва мешуд аз он ҷилавгирӣ кард.
8 –уми декабри соли 1991, раҳбарони ҷумҳуриҳои Русия, Беларус ва Украина як тавофуқнома имзо карданд, ки бар асоси он Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ бояд барҳам мехурд ва фаъолияти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамон замон ба поён мерасид.
Ин тавофуқнома ба ташкили кишварҳои муштаракулманофеъ анҷомид.