Сентябр 09, 2019 21:17 Asia/Dushanbe
  • Пекин: Вашингтон бояд аз эъмоли фишору таҳрим алайҳи Эрон даст бардорад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи душанбе бо интиқод аз рӯйкардҳои ғалати Вашингтон дар қиболи Теҳрон гуфт, Амрико бояд аз эъмоли фишор ва таҳрим алайҳи Эрон даст бардорад.

Ба гузориши “Форс”, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи душанбе аз сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон интиқод кард ва гуфт, Вашингтон бояд ба фишори Теҳрон поён диҳад.

Ҳуа Чунин, ки дар нишасти хабарии ҳафтагӣ дар Пекин сӯҳбат мекард, гуфт, Амрико бояд аз рӯйкардҳои ғалате назири таҳримҳои якҷониба ва фишори шадид алайҳи Эрон, даст бардорад.

Вай афзуд, дар айни ҳол тамоми тарафҳои ин тавофуқ бояд худро ба иҷрои комил ва муассири он мутааҳҳид кунанд. Умедворем, ки тарафҳои марбута ба роҳкоре мақбул бирасанд ва дар ҷиҳати костан аз танишҳо нисбат ба масъалаи ҳастаии Эрон талош кунанд.

Давлати Амрико танҳо дар ҳафтаи гузашта ва дар ҳоле, ки Фаронса пешниҳоди эҷоди хати эътибории 15 миллиарддолларӣ барои Эронро матраҳ карда буд, се давр таҳрими тоза алайҳи Эрон ва ширкатҳои муртабит бо Эрон эъмол кард. Браян Ҳук, намояндаи раисҷумҳури Амрико дар умури Эрон ҳам гуфт, Вашингтон ҳозир нест барои фурӯши нафти Эрон муофияте содир кунад.

Эрон дар вокуниш ба ин таҳаввулот ва адами таҳаққуқи тааҳҳудоти тарафҳои боқимонда дар БарҶом, рӯзи шанбе бо таълиқи маҳдудиятҳои таҳқиқ ва тавсеаи ғанисозӣ, вориди севумин марҳала аз масири коҳиши тааҳҳуд ба БарҶом шуд.