Сентябр 10, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Шиллики ду партобаи ҷадиди Кореяи Шимолӣ

Артиши Кореяи Ҷанубӣ бомдоди сешанбе эълом кард, Кореяи Шимолӣ ду партобаи номушаххаси ҷадид шиллик кардааст.

Ба гузориши “Форс”, ин партобаҳо, ки ҳанӯз навъашон мушаххас нест, ба самти савоҳили шарқии Кореяи Шимолӣ шиллик шудаанд.

Давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сооте баъд аз ин иттифоқ гуфт, ки аз гузоришҳо дар бораи шиллики партобаи ҷадид мутталеъ аст.

Озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ баъд аз он анҷом шуд, ки Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ибрози умедворӣ кард, ки музокироти Вашингтон ва Пхенян дар бораи халъи силоҳи атомӣ тайи рӯзҳо ё ҳафтаҳои оянда оғоз шавад.

Музокироти Амрико ва Кореяи Шимолӣ барои халъи силоҳҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ аз замони шикасти музокироти Доналд Трамп ва Ким Чунг Ун дар Ҳаной, пойтахти Ветнам дар моҳи феврали 2019 ба бунбаст хурдааст.

Кореяи Шимолӣ дар ҳафтаҳои гузашта дар эътироз ба тасмими артишҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико барои баргузории размоиш дар шибҳиҷазираи Корея, чандин мушаки баллистик озмоиш кард.

 

Барчасп