Сентябр 12, 2019 13:03 Asia/Dushanbe
  • Дархости Покистон аз Созмони Милал барои назорат бар Кашмир

Покистон аз Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хост, аз минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд боздид кунад.

Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон чаҳоршанбешаб дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар шаҳри Женева, бо баёни ин ки мумкин аст вазъи кунунӣ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба ҷанг миёни Покистон ва Ҳинд мунҷар шавад гуфт, аз Мишел Бачеллет дархост кардааст, ба ин минтақа сафар кунад.

Вазири хориҷаи Покистон дар ин нишаст хотирнишон кард, авзоъ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд бисёр нигаронкунанда аст.

Давлати Ҳинд душанбеи 5 август ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишварро лағв кард.

Давлати Деҳлии Нав пас аз ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз эътирози мардуми Кашмир, мадорис ва донишгоҳҳоро таътил ва телефону интернети ин минтақаро қатъ кардааст.

Низомиёни ҳиндӣ низ дар минтақаи Кашмир ҳукумати низомӣ барқарор кардаанд.

Бо лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯи парлумони таҳти контроли ҳизби ҳокими ин кишвар Бҳарата Ҷоната, шароит барои кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фурӯши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам мешавад.

Кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд ин иқдом ва дигар гомҳои ахири Деҳлии Нав дар ин минтақаро эъломи ҷанг алайҳи худ хондаанд.

Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахшеи дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд.

Муноқишаи Ҳинд ва Покистон бар сари Кашмир дар ҳоле аст, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақа таъкид дорад.

 

Барчасп