Сентябр 14, 2019 12:23 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Идлиб ройзанӣ мекунанд

Юрий Ушаков, дастёри вижаи раисҷумҳури Русия ҷумъашаб эълом кард, сарони Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти рӯзи душанбеи худ дар Анкара дар бораи Идлиби Сурия ройзанӣ хоҳанд кард.

Ба гузориши “Порс Тудей”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ рӯзи ҷумъа изҳор дошт, масоили марбут ба постҳои дидабонӣ дар Идлиб ва мубориза бо терроризм дар ин вилоят дар нишасти Анкара баррасӣ хоҳад шуд.

Панҷумин нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия рӯзи душанбе дар шаҳри Анкара, пойтахти Туркия баргузор хоҳад шуд.

Вилояти Идлиб дар шимоли Сурия - охирин пойгоҳи террористҳо дар ин кишвар аст.

Вилояти Идлиби Сурия бар асоси тавофуқи се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти “Осона 4”, мавсум ба тавофуқи “манотиқи коҳиши таниш” ҷузви манотиқи оташбас аст, аммо амалиёт алайҳи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ҷабҳаи Аннусра шомили ин оташбас намешавад. Эрон, Туркия ва Русия ба унвони кишварҳои зомини раванди сулҳи Остона, барои ҳалли буҳрони Сурия талош мекунанд.

Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

Натиҷаи аслии ин музокирот, эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия будааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

 

 

 

Барчасп