Сентябр 15, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори нахуствазири Покистон дар бораи ҷанги атомӣ бо Ҳинд

Нахуствазири Покистон гуфт, агар ҷанг байни Ҳинду Покистон оғоз шавад, набарди атомӣ иҷтинобнопазир аст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Умрон Хон рӯзи якшанбе зимни ҳушдор ба тамоми кишварҳои ҷаҳон дар хусуси набарди атомии эҳтимолӣ байни Полкистон ва ва Ҳинд эълом кард, таъсироти манфии ин ҷанг домангири ҳама хоҳад шуд, лизо ҳама бояд барои ҳалли мушкили Кашмири таҳти назорати Ҳинд талош кунанд.

Нахуствазири Покистон афзуд, ҷанги байни Ҳинд ва Покистон оғоз шавад, поёни он бо шиллики мушакҳои ҳастаӣ хоҳад буд ва ин метавонад сабаби нобудии тамоми минтақа шавад.

Давлати Ҳинд аз 42 рӯз пеш зимни эъмоли ҳукумати низомии сахт дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд тамоми масирҳои мувосилотӣ ба ин минтақаро баста ва мардумро дар хонаҳояшон ҳабс кардааст.

Тағйир дар таркиби ҷамъиятии минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳинд муҳимтарин ҳадафи давлати ин кишвар аз лағви худмухторӣ дар ин минтақа аст.