Қатъи барқи Кобул ва ёздаҳ вилояти Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46779-Қатъи_барқи_Кобул_ва_ёздаҳ_вилояти_Афғонистон
Барқи воридотии Кобул - пойтахти Афғонистон ва 11 вилояти ин кишвар ба иллати ҷангу даргирӣ дар шимоли Афғонистон қатъ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2019 14:28 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқи Кобул ва ёздаҳ вилояти Афғонистон

Барқи воридотии Кобул - пойтахти Афғонистон ва 11 вилояти ин кишвар ба иллати ҷангу даргирӣ дар шимоли Афғонистон қатъ шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, идораи барқи Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, бо қатъи кабелҳои барқи воридотии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шимоли Афғонистон, шаҳрвандони Кобул ва ёздаҳ вилояти ин кишвар аз барқ маҳрум ҳастанд ва маҷбуранд шабҳоро дар торикӣ сипарӣ кунанд.

Дар баёнияи идораи барқи Афғонистон омадааст, бо беҳбуди авзои амниятӣ, тимҳои фаннӣ барои васли ҷараёни барқ ба манотиқи ёдшуда эъзом мешаванд.

Барқи мавриди ниёзи мардуми Афғонистон бештар аз барқи воридотии Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Туркманистон таъмин мешавад.