Сентябр 16, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Ашраф Ғанӣ дар истифода аз имконоти давлатӣ

Раиси иҷрои давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, раисиҷумҳури ин кишварро ба истифода аз имконоти давлатӣ дар рақобатҳои интихоботӣ муттаҳам кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар гирдиҳамои интихоботӣ муддаи шуд, Ашраф Ғанӣ аз маркази «Тавҳид», ки барои ҳамоҳангии нируҳои амниятӣ ҷиҳати мубориза бо терроризм эҷод шуда, барои рақобатҳои интихоботӣ истифода мекунад.

Вай ҳамчунин тими интихоботии «Давлатсоз» ба раҳбарии Ашраф Ғаниро ба тавзеи пул байни мардум муттаҳам кард.

Дар ҳамин ҳол Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон иттиҳомоти Абдуллоҳ Абдуллоҳро кизб хонд ва гуфт, маркази Тавҳид, дафтари муҳимми амниятӣ аст ва танҳо барои умури амниятӣ истифода мешавад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон қарор аст, 28 сентябр баргузор шавад.

 

Барчасп